Санаҳои 18-20-уми апрели соли равон дар маркази шаҳри Гулистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Гулистон дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларза» баргузор гардид.
Дар давоми се рўз дар се марҳила тавассути панҷ бонги шартӣ дар машқ қувва, техника ва воситаҳои сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр ҷалб гардида, ҳамоҳангии онҳо ҳангоми сар задани ҳолати фавқулода пурра санҷида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар рафти машқ фаъолияти Комиссияҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода ва эвакуатсионӣ бори аввал нишон дода шуд.






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.















