25 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ ва нақшаву дурнамои муносибатҳои неки дӯстию ҳамҷаворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо дӯсту бародар ва ҳамтои худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори хушнудӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як вохӯрии сатҳи олӣ барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни кишварҳо саҳми назаррас мегузорад.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи муқаррар намудани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр» дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ” озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.
Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолзанони ҳизбӣ, собиқадорон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши бонувони ҳизбӣ дар даврони истиқлолият доир гардид. Мизи мудавварро раиси кумиҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фирӯзахон Раҳимӣ доир ба нақши бонувони ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафу ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зад.














