Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад». Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем.

Оила адабгоҳ, мактаби ҷовидони тарбияи шахсиятҳои бузург, ватандӯсту ватансоз ва ватандорони бонанг аст. Раванди ҳаёт барои ҳар як фарди солимфикр ва бофарҳанги ҷомеа чунон бояд сурат гирад, ки дар шахсияти ӯ оила офарандаи инсони комил бошад.

 

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Дар таърихи башар инсоният баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, бунёди одоби оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки пайваста ташаккул ёфта, пеш меравад. Яке аз бунёдгузорони одоби баланди барпо намудани оила ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд. Эҳтироми зан – модар барои ҳар инсони бошараф мояи ифтихор ва қарзи ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

Оила дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нахустин зинаи иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин муҳит фард аз нишонаҳои аввалини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа хабардор гашта, ба низоми муносибатҳо ворид мегардад. Яъне нақши худро ҳамчун фарзанд дар оила мешиносад. Маҳз ҳамин муҳит ба ӯ меомӯзонад, ки ӯ дорои имкониятҳои муайянест, ки баҳри беҳбуд гардонидани вазъи худ аз онҳо истифода барад. Дар баробари ин маҳдудиятҳое низ мавҷуданд, ки ӯ бояд онҳоро риоя созад.

Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Ҳамагонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, оилаи босуботу солим, рӯзгории хушу зиндагии саодатманд орзумандам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:698
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3242
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:698
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21355
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38457
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81381
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2219338

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?