Тибқи нақшаи тасдиқгардида зиёда дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуалӣ Абдуманнонов, профессор, доктори илмҳои физика-математика, мудири лабараторияи Маркази илмии Хуҷанд, Абдуманнон Одинаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди Донишгоҳи политехникӣ, рӯзноманигор, Маърифат Мавлонова, устоди Донишгоҳи политехникӣ иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои маркази шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ суханронӣ намуданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.






Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми ҷавонӣ” ва аксияи шаҳрии “Мо ҷавонон-зидди ВНМО!”, “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!” баргузор гардид.
Дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила чорабинии хотирмон якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” ташкил ва баргузор гардид. Дар қисми ибтидоӣ дар мавзӯи “Мавқеи зан дар ҷомеа ва оила” Робия Ҷарқинзода, Наҷминисо Ҷумъаева, Акмал Искандаров мубодилаи афкор намуданд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як сокини бонанги ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, алҳол дар сафи он садҳо нафар ҷавонписарони садоқадманди гулистонӣ сарбаландона қарзи фарзандии худро адо менамоянд.















