Матни равон

 

Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад. Мутмаин, ки агар сулҳофару сулҳхоҳ бошем, дигар барои ташвиш аз ояндаи миллат асосе боқӣ нахоҳад монд. Мардум сулҳ мехоҳанд, на низову моҷаро. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибватан аст.

Кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Вале, мутаассифона дар байни фарзандони миллати тоҷик нафаронеро вомехӯрем, ки баъзан аз чунин инсонҳоро ҳамватан номидан шарм мекунем.

Имрӯз ба истиқлолияти комил соҳиб шудаем, онро бояд ҳифз намоем, пуштибонӣ кунем,тақвият бахшем ва ҳамчун арзиши олӣ ва муқаддастарини давлатӣ дарк намуда, пос дорем. Аз таърих медонем халқҳое ҳастанд, ки солҳои тулонӣ соҳиби давлати мустақили худ нагардидаанд. Вале имрӯз чаро ҳамватанони мо ба қадри истиқлолияту озодии Ватани хешнемерасанд? Ва ё қасдан кӯшиш мекунанд, ки оромиро халалдор созанд. Ба монанди Мирзои Салимпур! Агар дар асл ӯ нисбати миллату давлати хеш холисона амал кунад, пас чаро ин қадар ба майдони мубориза баромадааст. Агар дар ҳақиқат на ба миллат, на ба давлат хиёнате накарда бошад ва душмани Тоҷикистон набошад, пас бигзор аз майдони мубориза берун равад. Аз ҳаминн лиҳоз, афкороти бегона ва таҳриккунандаи сомонаи «Ахбор.ком» бепоя менамояд.

Дар ибтидои асри ХХI баробари рушди раванди ҷаҳонишавӣ муносибатҳои нави сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ байни халқҳои мамолики ҷаҳон густариш пайдо намуд. Аз дигар ҷониб бошад, боиси таассуф аст, ки падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароиву экстремизми динӣ дар сомонае чун «Ахбор.ком»  торафт вусъат ёфта истодааст.

Дар шароити имрўзаи пурҳаводису пуртазоди ҷаҳон тадбирҳои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пойдор намудани сулҳу субот ва асолати миллӣ бе мубориза алайҳи гурўҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ба ибораи дигар, истиқлолхоҳӣ ҳамчун ғаризаи табиии инсонӣ дар замири ҳар шахс ва миллати тоҷик бояд мавҷуд бошад.

Бо исми Мирзои Салимпур аксари сокинони кишвар, хосса онҳое, ки ба матбуоту сиёсат сарукор доранд, шинос ҳастанд. Ин нафаре аст, ки дар раги худ хуни «озодпарастон»-а дорад. Чун корномаашро варақгардон мекунӣ, мебинӣ, ки аз сар манманию лофзаданҳоро пешаи худ кардааст. Ӯ аз ҷумлаи нафаронест, ки солҳои навадуми қарни гузашта бо шеваи тунду лаҳни тез вориди матбуот шуд. Ва ҳар нафаре, ки нигоштаҳояшро мехонд, гумон мекард, ки рӯзноманигори сирф профессоналӣ аст ва аз ягон нафар вобастагӣ надорад. Аммо журналистикаи муосир нишон медиҳад, ки аксари «соҳибқаламон» соҳиб доранд, яъне аз рӯи гуфти соҳибонашон мавод менависанду ва ҳадафи онҳо санг партофтан ба рақибони онҳо мебошад. Шеваи фаъолияти Мирзои Салимпур низ ҳамин гуна буд ва ҳамин гуна монд.

С.Сулаймон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:360
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20341
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50306
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692226

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?