Бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳр доир ба ғамхорӣ ва дастгирии қишри калонсоли ҷомеа, собиқадорони меҳнат тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо дастури Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷамоати шаҳраки Консой дар ин шаҳрак пиразани 102 сола – Тошбибӣ Аҳмадоваро аёдат намуда, бо ин шахси табаррук мулоқот доир намуданд.






Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила дар Боғи навбунёди “Зардолузор”-и шаҳр бо иштироки 8 оилаи барӯманд чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур оилаҳои собиқаи беш аз 40 сола дошта инчунин оилаи навхона иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозон ва ҷавонписарони синни тодаъватии муассисаҳои таълимии маркази шаҳр чорабинии рӯзи “Дарҳои кушод” ба вуқӯъ пайваст. Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аскарон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, ҷо ба ҷо кардани тир дар тирдон, волейбол, шашкаву шоҳмот ва турниккашӣ доир гардид. Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи буду боши сарбозон ва техникаи ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.















