Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ҷаласаро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ба нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа дода шаванд.






Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади ботантана ба ифтихори Рӯзи кормандони нозироти андоз баргузор тгардид.
Дар толори бахши фарҳанг Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар озмуни шаҳрӣ беш аз 80 нафар духтарону бонувон бо намоиши куртаи чакан аз рӯи 6 бахш “Беҳтариин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кӯдакона», “Беҳтарин либоси рӯзмарра», “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либосҳои расмӣ”, “Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» бо пешниҳоди сӯзаниҳо, бо истфодаи рамзу унсурҳои фарҳанги миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои рангоранг манзур карда шуданд.
Баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш бахшида ба «Як моҳи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» ва ба ифтихори 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар кӯчаи асосии маркази шаҳри Гулистон марафони велосипедронӣ ва дар Боғи навбундёди даромадгоҳи шаҳр мусобиқаи шашкаву шоҳмот дар байни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал ташкил ва баргузор гардид.
Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон озмуни идрорпулии ҲХДТ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи ҲХДТ барои дарёфти гирандагони Стипендияи ҲХДТ ташкил ва баргузор карда шуд.














