Ҳамватанони азиз!
Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад.
Яъне рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад.






Дар доираи моҳвораи ҷавонӣ дар шаҳри Гулистон тибқи қарори раиси шаҳри Гулистон аз 24-уми апрели соли 2019, №93 «Дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон» бо мақсади дар оянда таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, ташкили захираи кадрҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 6 то 11 майи соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр «Ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон» ифтитоҳ гардид.














