Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Айнию Деваштичи вилояти Суғд, шаҳри Роғун, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади аз кишвари аграрӣ ба як кишвари индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон, бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар, Сарвари давлат аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо ва ба таври ғайриқаноатбахш амалӣ кардани ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, изҳори нигаронӣ намуданд.