Истилоҳи терроризм аз ду қисмат - аз калимаи лотинии «террор»(«террор», «тарс», «ваҳшоният») ва суфикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бо мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти олами муосир, камбуду норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда, бамаротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд.