Матни равон

Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи  Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.

Дар асоси Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо, муовинони Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо тағироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои мазкур таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Сӯҳбати муфассалу фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута аз таҳлилу баррасӣ ва масъалагузориҳои ҷиддӣ, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд, сурат гирифт. Сардори давлат дар идомаи сӯҳбат таъкид намуданд, ки муносибат ба кор дар фаъолияти ҳар як роҳбар бояд аз нигоҳи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дидгоҳи замонавӣ сурат гирифта, ташаббуси навоварӣ, завқи баланди зебоипарастӣ ва нигоҳи тоза дар ҳалли мушкилоту монеаҳои сунъӣ вазифаи асосии ҳар фарди ватандӯст бошад.

Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон Фестивал-озмуни шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Бо мақсади тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва ба васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросими анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ 41 нафар гулдухтарони гулистонӣ дар фестивал-озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, маҳорати парвариши намунаи зебоӣ ва аломати муҳими бонувонро бо завқи хоса намоиш доданд.

Фестивал аз рӯи 3 бахш ҷараён гирифт. Дар бахши аввал ороиш ва мӯйбофии қадим Фарзона Иброҳимова, Фарангис Ҳомидова ва Осенот Маллаева, дар бахши дуввум ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо истифода аз фалак, шашмақом, бадеҳахонӣ Дилрабо Кучакшоева, Ситора Аминҷонова, Азиза Музаффарова, дар бахши саввум фарогири ороиш ва мӯйбофии замони муосир, ороиши мӯй ба тарзи замонавӣ бо либосҳои хоси миллии замонавӣ Алямира Музафарова, Фирӯза Иномҷонова ва Замира Бадриева сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

5 феврали соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, изҳор доштанд, ки “Рушди мунтазами муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад”.

23.01.2019 Коргардони номӣ ва фаъоли иҷтимоӣ Давлат Худоназаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ватан ва арзишҳои миллиаш нақл кард

Лев Рыжков. Коргардони номӣ ва фаъоли иҷтимоӣ Давлат Худоназаров - замоне муаллифи филмҳои машҳур ва замоне дар майдони сиёсат.

Ҳоло шавқи собиқ саркоргардони ҷумҳурӣ дар таҳқиқи гузаштаи мардуми тоҷик бедор шудааст. Коргардон таҳқиқотҳои торихӣ мегузаронад, мақолаҳои илмӣ менависад ва дар бораи аввалин иртиботҳои тоҷикону русҳо китоб менависад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1959
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3008
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8997
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7118
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8751845

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?