Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар байни кормандони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи аҳли ҷомеа” баргузор гардид.
Семинарро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода кушод. Зикр гардид, ки муаммои коррупсия дар айни замон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, муаммои ҳамарӯзаву ҷаҳонӣ гаштааст. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур – пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва сабабу омилҳое, ки ба қонуншикании коррупсионӣ оварда мерасонад.






29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кӯдакистони “Парасту” дар байни панҷ дастаи муассисаҳои таълимии томактабӣ озмуни шаҳрии “Офарин” баргузор гардид.
Дар қисмҳои сарҳадии воқеъ дар шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан ба ифтихори 25-солагии Қушӯнҳои сарҳадии чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи масъулини ҷамоати шаҳракҳои номбурда тибқи супориши Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба вуқӯъ пайваст.















