Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарму самимии мардуми ноҳия, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардонидани он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд






Дирӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Дирӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.
Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.














