Матни равон

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бе тағйир  нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд.  Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ ҳамчунин дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар зарфи камтар аз як сол сохтмони он ба анҷом расонида шуд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 20 метрро ташкил дода, аз масолеҳи хушсифат ва тобовар бунёд ёфтааст. Худи Нишон наздик ба 2 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ аз се қисмат иборат буда, ҳамагии он бо санги мармар, ки аз табиати бойи Тоҷикистон дастрасу коркард гардидааст, зебу зиннат ва оро дода шудааст. Ҳамзамон иншоот бо гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, ба як мавзеъи дилрабову зебои шаҳри Норак мубаддал гардидааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин роҳҳои мошингарди атрофи иншоот мумфарш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба итмом расонида шуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шуда, баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ниагара-а» ба анҷом расонида шудааст.

Наврўз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дўш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирўзии навъи башар буда, инсонро ба сўйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврўз имрўз ҳам на танҳо дархўри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврўзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия дод.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2604
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3008
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9642
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7763
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8752490

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?