Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаи “Апрелевка” якҷоя бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони “Поянда бод – Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Сайдуллои Баҳодур перумони Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа алоқаманд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо иттиҳодии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба самти нави рушд қадами боэътимод ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо - сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ба чашм расида, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат мерасонад. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот намуданд
- Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид






Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулин бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбӣ доир гардид.
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳраки Консой аксияи унвони “Дирафши мост-ҳизби халқ” доир гардид.
16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.
15.06.2019, шаҳри Душанбе














