Матни равон

CA.TV: Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баромад доред ва суҳбати Шумо дар кадом мавзӯъ хоҳад буд?

А.Раҳнамо: Суҳбате, ки имрӯз ман дорам мувофиқи рузномаи конфронс дар бораи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суҳбат мекунам. Ва ду нуқтаи муҳимро мехоҳам ба ҳозирин муаррифӣ кунам: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ман аст.

CA.TV: Аз назари Шумо вазъияти воқеии Точикистон чӣ гуна аст нисбат ба озодӣ?

А.Раҳнамо: Ду нуқтаи муҳим аст, ки ман метавонам онро бо боварӣ ин ҷо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам аввал ин, ки дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқӣ барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи қонуни асосӣ ва ҳам дар сатҳи қонунҳои соҳавӣ озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуқуқи пайравӣ кардан ба дин ва ҳам ҳуқуқи пайравӣ накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя шудааст ва ҳамчунин як нуқтаи муҳим аст, ки як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои динӣ ё иттиҳодҳои динӣ ва чуноне таъкид мекунад динӣ зеро, иттиҳодияи динӣ ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайравӣ аз дин ва барои татбиқу амалӣ кардани ибодатҳои динии худ аст.

Ва агар ташкилдот воқеан муайнтар, ки нест имрӯз дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст. Мо ҳудуди чор ҳазор иттиҳоядиҳои динӣ  имрӯз дар Тоҷикистон ба таври қонунӣ сабт кардагӣ дорем, аз ин ҳудуд се ҳазору нуҳсадашон  масҷидҳои мусулмонон ҳастанд, чун аксарияти мардум мусулмон ҳастанд ва ҳудуди ҳаштодтояшон иттиҳодияҳои ғайри мусулмон ҳастанд ва ҳамаи ин фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои касоне, ки иттиҳодияҳои диннӣ месозанд барои ақалиятҳои динӣ ҳам як шароити хосеро ҳам фароҳам овардааст, ки онҳо тавонанд дар шароити ҳуқуқи зоҳир шаванд.

Аммо як силсила маҳдудиятҳо дар нисбати дурӯғҳои ифротгарои динӣ ё ақидаҳое, ки бо номи дин, дар асл ҳадафи сиёсӣ ё идеологиро пайгирӣ мекунанд мавҷуд аст, чаро чунин аст? Зеро агар аз диди таҳлилӣ нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии диннӣ ё гуруҳҳои ифротгароии динӣ, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ё воситаи муозираи сиёсӣ истифода мекунанд ин ҳолатро қонунгузорӣ пешбини мекунад. Аммо имрӯз мехостам дар конфронс таъкид бикунем, ки ҳолатҳои маҳдуд шудани фаъолияти иттиҳодияҳои диннии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингароро бо ҳолати танзим, ё ин ки фаъолияти иттиҳодияи динӣ бояд иштибоҳ нагирем иттиҳодияҳои динӣ, ки ҳадафи он сирф ибодат, тарбият ва таълими динӣ аст фаъолона ё озодона фаъолият мекунад, аммо иттиҳодияҳои диние, ки ҳадафи ӯ қудрат аст сиёсат аст идеология аст маҳдуд мешавад ба хотири ҳифз кардани суботи ҷомеа.

CA.TV: Аммо баъзан хабарҳои маҳдудият, масалан дар ҳиҷоби занҳо ё риши мардҳо мегуянд ба чӣ вобаста аст?

А.Раҳнамо: Яъне мавзӯи мо фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аст, масалн кормандони иттиҳодияҳои динӣ чӣ мусулмони ва чӣ ғайри мусулмони либоси динӣ ё мусулмонии худро мепушанд масалан Шумо ҳар масҷиде равед ҳамон домуллоҳо либоси динии саллаву ҷомаву тоқии худро доранд, риши худро доранд дар пайравони дини масеҳияву попҳо онҳо либоси худро доранд, барои ҳамин мавзӯи суҳбати мо фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аст.

Шумо дар бораи ҳуқуқҳои динии мардум боз суҳбати муҳтарам Ализода мешавад, ки Шумо метавонед ҷузъиёти онро пурсед он кас мутахасиси бисёр варзидаи ҳамин ҳуқӯқи инсон аст метавонанд ҳар як унсурро шарҳ диҳанд.

CA.TV: Оиди рӯзномае, ки имрӯз дар он ҷо гузошта шуда буд дар қатори дигар рӯзномаҳо ва он ҷо гап дар бораи мамнӯъ будани ҳизби наҳзат меравад ва дар бари тақрибан ҳамаси суратҳои Кабирӣ Президенти Ҷумҳурии Эрон ва инчунин роҳбари маънавии онҳо монда шудааст онҳо чӣ мано дорад?

А.Раҳнамо: Мо ҳам ин журналҳое, ки Шумо ба мо ишора кардед, дар ин ҷо дар байни маводе, ки дар ин конфронс тақсим мешвад дидем барои ман шахсан як маводи комилан нав аст бори аввал мебинам, вале, ин ки ин суратҳо дар рӯи ҷилдаш, ки мебинем ин суратҳоро касе насохтааст, ин суратҳо аз мулоқотҳои воқеи аксбардорӣ карда шудааст ҳаминашро ман медонам, аммо ин ки ин ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муаллифоне, ки инро навиштанд, танзим карданд худашон онро дар конфронс муаррифӣ мекунанд ва ҳайати ҳукуматӣ вазифааш нашр ё паҳн кардани ягон варақа нест.

Ҳайати Ҳукумат аз шаш нафар иборат аст дар ҳайати Ҳукумат ягон кас беҳуда наомадааст ҳама аз рӯи ихтисоси худ, аз рӯи вазифаи худ, аз рӯи ҳамон таиноте, ки дар ҷои кориаш дорад, бинобар ин, ки ҳайати Ҳукумат барои ҷавоб додан ба мухолифин сохта шуда бошад, ё барои ин ки биёяд дар роҳравҳои ин конфронс бо мухолифин баҳс кунад, аслан на ин гуна салоҳият дорад, на ин гуна тамоюл дорад ва на ин гуна вазифа дорад, зеро ҳайати Ҳукумат дар асоси рӯзномаи конфронси САҲА сохта шудааст ва салоҳияти онро дорад, ки аз назари ихтисоси дар ҳар як масъала назари худро гуяд, бинобар ин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз типҳои гуногун аз Тоҷикистон аз хориҷи Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо дидҳои худ ҳузур доранд. Олимонро ман ин ҷо дидам, ман ба Худо тасаввур намекардам, ки ин қадар доираи калони шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҷо менишинанд.

CA.TV: Худсарона омаданд?

А.Раҳнамо: бубинед дар ҳар ҳол дар ҳайати мо наомаданд. Ҳайати мо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман омадааст ва ба ҷуз фаъолиятҳои расмие, ки дар доираи барнома ва ҳатто дар чорабиниҳои канорие, ки агар дар барномаи ҳамин конфронс ба қайд гирифта нашуда бошад мо иштирок намекунем Шумо нақши онро хоҳиш мекунам, ки бо як ҳайат ё бо як нафаре, ки баҳс кунад ё як нафаре, ки хоҳад ҷавоби касеро дар роҳрав диҳад ин нест агар мусоҳиба расмӣ дар бораи пурсидани сиёсати давлат, вазъияти кишвар бошад мо бо камоли майл медиҳем, лекин мо барои ягон баҳс, барои ягон корҳои ғайр аз барномаи расмиамон наомадаем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1035
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24377
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:77930
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7719850

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?