Субҳи имрӯз, 08.05.2025 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Темурмалик” дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими ёдбуд бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобелчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” гулчанбар гузоштанд.






Санаи 07.05.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар доираи моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолӣ давлати ва амнияти миллӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ ва дигар кохонаву муассисаҳо баргузор гардид.
Имрӯз, 07.05.2025 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлиси васеи соҳаи тандурустии шаҳр бо иштироки роҳбарон ва кормандони соҳа баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа иштирок намуд.
Имрӯз, 06.05.2025 дар мактаби санъати маркази шаҳр маҷлиси машваратии соҳаи фарҳанги шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.














