Матни равон

Санаи 21.05.2025 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.

Дар роҳпаймоӣ беш аз 3500 нафар ҷавонони коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон бо Парчам ва шиору овезаҳои "Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем", "Мо ҷавонон қалби бедори Ватан", “Тоҷикистон ба пеш!", “Пешвои миллат ифтихори халқи тоҷик”, “Мо пайравони Пешвои миллатем”, “Поянда бод Тоҷикистон”, бо рӯҳияи болида иштирок намуданд.

Сипас, роҳпаймочиён дар чорабинии идона, ки дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид аз рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ Илҳом Пӯлотзода аз корхонаҳои ҶДММ "Парандаи заррин", коргоҳи сардхона дар заминаи ҶДММ "Товус" ва коргоҳи аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ бунёд шудаистода шинос шуда, доир ба тақвияти корҳои созандагӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 184 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

 

Санаи 20.05.2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳурияви "Илм - фурӯғи маърифат" оғоз гардид. Дар марҳилаи кушодашавии даври шаҳрии озмун Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр, раиси комиссияи озмун иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-710 дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2025, №АП-710, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31.01.2025, №32, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.03.2025, №61 ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки  ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, субҳи имрӯз, 18.05.2024 дар шаҳри Гулистон маъракаи оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ  доир гардид.

Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагон аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарони шаҳр фаъолона ширкат варзиданд.

Бегоҳии рӯзи  17-уми май дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" бо иштироки ҷавонони муассисаи таълимии рақами 8 доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон  Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, раиси шаҳраки Сирдарё Охунова Мушаррафа   ва директори  муассисаи таълимии  рақами 8 - Нурова Адолат  иштирок намуданд.

Зимни оғози барномаи мазкур номаи табрикотии раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов  манзури тамошобинон гардонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3411
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6816
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16060
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15921
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63322
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9623004

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?