Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ин ки онҳо таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ намоянд ва дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

Санаи 14.05.2025 дар толори Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо сокинон доир ба самаранок истифода бурдани неруи барқ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, сармутахассиси маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр ва раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода  иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз 15.04.2025, №2164 тағйирот ворид карда шуд.

Санаи 12.05.2025 дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр вохӯрии Раиси шаҳр бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини  прокурори шаҳри Гулистон Малика Мухадиярова ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода иштирок  намуданд.

Вохӯриро Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз 15.04.2025, №2164 тағйирот ворид карда шуд.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 80 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар таҷлил мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ватандӯстони тоҷик (аз онҳо 78 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд), дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоати мардонагӣ нишон дода 92 ҳазор нафарашон (аз онҳо 30 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд) дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. 44 ҳазору 957 нафар (асосан калонсолон) барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир (Свердловск, Чилябенск, Новосибирск, Татаристон ва дигарҳо) фаъолият мекард, сафарбар шуда буданд ва бо меҳнати шуҷоатноки худ ба ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳм гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Баҳри хидматҳои шоён беш аз 60 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба Унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (15 нафарашон аз вилояти Суғд) сазовор шуданд.

Имрӯз, 08.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи МИҲД - и вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 собиқадоронро аёдат намуда, бо Рӯзи Ғалаба муборакбод гуфтанд.

Нахуст, Нухсора Олимоваи 93-сола, ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Машарипов Ғиёсиддин, сокини шаҳраки Чоруқдаррон аёдат карда шуд. Гуфта шуд, ки Ғиёсиддин Машарипов, омӯзгор соли 1942 ба фронт сафарбар гардида, то Рӯзи Ғалаба дар майдони ҳарбу зарб корномаву матонат нишон дода, соли 1946 рухсат дода шуда, ба кишвар баргаштааст. Барои корномаҳои ҷангӣ бо як қатор ордену медалҳо қадрдонӣ карда шудааст. Пас аз бозгашт ҳамчун куҳкан дар шаҳраки Чоруқдаррон то замони нафақаи меҳнатӣ кору фаъолият намуда, соли 2004 аз олами ҳастӣ чашм пӯшидааст. Имрӯз фарзандону пайвандонаш аз рӯзгори ибратомӯзи ӯ ифтихор ва пайравӣ мекунанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1245
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:31944
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12550
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9466027

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?