Имрӯз, 15.05.2025 дар толори кохи фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, дар доираи моҳвораи ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолӣ давлати ва амнияти миллӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ва дигар кохонаву муассисаҳо баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, намояндаи комиссарияти ҳарбӣ Кассиров Парвиз, мудири бахши бойгонӣ Абдуллоев Муродҷон ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгои ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.






Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд.
Санаи 14.05.2025 дар тарабхонаи осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон Рӯзи оила бо иштироки оилаҳои намунавӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2024-2025 аз 01.05.2025, №115 ба тасвиб расидааст.
Санаи 14.05.2025 муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Гулистон, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта истодаанд шинос гардид.














