Санаи 17.05.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр ҳашари дастаҷамъии тозагӣ баргузор гардид.
Дар ҳашари тозагӣ ташкилоту корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад. Бо ин мақсад ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз ҳама гуна хасу хошок ва партовҳо тоза намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.






Санаи 16.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ҳузур оварда бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фаъолияти мактаби мусиқӣ ва ҷараёни корҳои кашидани хати нави оби нӯшокӣ дар шаҳрак шинос шуд.
15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо оилаҳои барӯманду намунавӣ - оилаи Мамадҷоновҳоро дидор кард ва онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 12-уми марти соли 2025, №57 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 13.05.2025 даври шаҳрии озмуни оғоз гардид.
Санаи 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси фармоиши Раёсати фарҳанги вилоят таҳти №34 ва фармоиши бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таҳти рақами №15 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори китобхонаи вилояти бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззам, собиқадори соҳаи китобдорӣ Усмонова Мақсуда, сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиётҳо Бобоҷонова Биорифа, сардори шуъбаи хизматрасонии синни томактабӣ Турсунова Саодатхон, мудири шуъбаи маориф Каримӣ Дилрабо байни 10 нафар тарбиятгирандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактабии кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.















