Имрӯз 11-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронукии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Музаффар Ашуриён – вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Ализода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Тақдиршо Шарипов – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.







Имрӯз, 09.08.2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 8-уми августи соли 2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи №2-и маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 06.08.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 9-уми июни соли 2025, №153 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025» баргузор гардид.













