15 Ноябр 2025
Санаи 14.11.2025 дар шаҳри Гулистон дар доираи баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.
Дар роҳпаймоии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулситон Бахтиёр Каримов, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Роҳпаймочиён аз назди бинои КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.






















