Матни равон

Санаи 14-уми ноябри соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии Истиқлоли шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи муштараки Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон баргузор карда шуд.

Дар кори ҳамоиши мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, Раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Холмирзоев Муҳиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои нахсутини соҳибистиқлолӣ ба насли ҷавони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Баъд аз шаш моҳи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд. Ҳамзамон, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ ва ҷовидон гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадманде ҳастанд, ки давлатро аз маҳвшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофашон муттаҳид намуда, дар қалби мардум шуълаи умедро бедор карда, бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намудаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Дар идома таъкид гардид, ки ТҶҶ “Созандагони Ватан” 20-уми апрели соли 2011 бо пешниҳоди Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон таъсис дода шуд. Санаи 27 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе Конференсияи якуми Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Дар Конференсия Оинномаи созмони нави ҷавонони кишвар тасдиқ карда шуд ва аъзои Шурои марказии он интихоб гардид.

Санаи 13-уми октябри соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд баргузор гардидл ва созмони вилоятӣ таъсис дода шуд.

Санаи 3-юми ноябри соли 2011 конференсияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон баргузор гардид ва намояндагии он дар шаҳри Гулистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъмини суботи сиёсии ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои оинномавӣ, ки ба суботи сиёсии ҷомеа равон карда шудаанд, таъсис дода шудааст.

Сипас, Маҳваш Бойматовар аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон барои роҳандозии фестивали ва ҳамоиши мазкур ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин, як қатор фаъолони ҳизб бо Ифтихорномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12455
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14358
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:30582
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9081833

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?