Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 3 декабр мувофиқи қарори Ассамблеяи генералӣ Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад.
Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои шахсони дорои имкониятҳои махсус дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба бартараф намудани монеаҳои иҷтимоии онҳо мебошад.
Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.