23 июли соли 2025 дар шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат роҳбари вилоят зикр намуд, ки шаҳри Гулистон яке аз зеботарин ва ободу фараҳбахши кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамасола меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар бо мақсади истироҳат, фароғат ва тамошои мавзеъҳои табииву туристии он ба ин минтақа ташриф меоранд.






Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос шуд.
23 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди корҳои бунёдкорӣ шинос гардид.
Имрӯз, 21.07.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10-уми июли соли 2025 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Санаи 20.07.2025 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.













