Санаи 04.12.2024, дар толори МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф ва мактаби худшиносиву худогоҳии миллӣ аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, муовини директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Кенҷаев Лоиқ ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Раҳмонов Умедҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз намуда, доир ба фаъолияти волонтёрӣ, ки мактаби бузурги худташаккулдиҳӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, суханронӣ намуд.
Инчунин қайд намуд, ки мактаби волонтёрӣ ба дарахте шабоҳат дорад, ки меваҳояш ҷавонони фаъолу донишманд, накукору хайрхоҳ ва пешбарандаву ояндаи Ватани азиз мебошанд. Дар ҳақиқат сафи волонтёронро беҳтарин ҷавонони фаъолу ташаббускор фаро гирифтааст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дӯстиву рафоқат ва самимияту меҳрубонӣ нисбати якдигар, рӯз аз рӯз дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми назаррас мегузоранд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ИСТИҚБОЛИ ТАНТАНАВИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ", ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
- Баргузории ҳамоиш таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
- Meeting of the Co-Chairs of the Government Delegations of Tajikistan and Kyrgyzstan on Border Delimitation and Demarcation