Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр, бойгонии байниидоравӣ, кумитаи замин ва маркази бехатарии озуқаворӣ дар шаҳр ба макони фаъолияти онҳо ташриф овард.
Нахуст аз бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дидан карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии шаҳр 37 хазина бо 42595 парванда нигоҳдорӣ мешаванд.
Бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз 04.05.2000, №203 тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои заруриро ба сомон расонида истодааст.






Имрӯз, 04.08.2025 дар соҳили баҳри "Тоҷик" вохӯрӣ бо истироҳаткунандагон баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори МНДСЭ Иматулло Қуқанов ва намояндагони маркази саломатии шаҳр иштирок намуданд.
Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» пурра ба итмом расад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.














