Санаи 31.07.2025 тибқи нақшаи омӯзиши вазъи корҳо вобаста ба пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ аз 17-уми июли соли 2025, инчунин рафти иҷрои нақшаҳои муштараки корҳои идеологӣ аз рӯйи усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 21.07.2025 тасдиқ гардидааст, гурӯҳи кории вилоятӣ бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ба шаҳри Гулистон ташриф овард.
Гурӯҳи корӣ вазъи корҳоро дар самти пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ ва рафти иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон вобаста ба тақвияти корҳои идеологӣ, тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо барои давраи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бахши дин, танзими ҷашну маросим, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи Гулистони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, комиссариати ҳарбии шаҳр ва фаъолияти ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой ва Чоруқдаррон мавриди омӯзиш қарор дод.






Имрӯз, 30.07.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид. Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳайати кормандони Қисми мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Гулистонро ба ин муносибат муборакбод намуд.
Санаи 28.07.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки фаъолон баргузор карда шуд.
Санаи 25.07.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Санаи 24.07.2025 тибқи нақшаи сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар кӯчаи Рӯдакии маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.













