Матни равон

Имрӯз, 14-уми октябри соли 2025 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2025 маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 241,7 млн сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 109,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, 19,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Гулистон бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 87,2 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 7,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 ба маблағи 3 миллиарду 572,3  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 125,4% фоиз, ё ин ки 872,5  миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр 50-торо ташкил дода, дар ин  давра 9 адад корхонаҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст
Дар ин давра аҳолии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми 287,8 млн кВт/соат ба маблағи 160,0 млн сомонӣ қувваи барқ истифода намудаанд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ҳамагӣ- 96,4 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 111,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нӯҳмоҳи соли 2025 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 135972,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли (2024-116420,3) ум 112,6 фоиз мебошад.
Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 5,3 млн сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 125,2 млн сомонӣ ва хусусӣ 5,4 млн сомониро ташкил додааст.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 134,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли (2024-111,3) ум 121,0 фоизро ташкил медиҳад.
Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ доир ба фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр гузориш манзур намуд. Зикр карда шуд, ки дар шаҳр 15 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия фаъолият доранд, ки дар онҳо 9 ҳазору 946 хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Шумораи умумии омўзгорон 550 нафарро ташкил дода, аз ин 465 нафар занон мебошанд.
Дар 11 муассисаи томактабӣ 2038 кўдак дар 76  гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 13 муассисаи таълимии шаҳр 352 нафар кўдакони синни 5-6 сола ба маркази инкишофи кўдак ҷалб карда шудааст.
Аз 512 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳр 361 нафарашон тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супориданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон соҳиби 9 медал, дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи шоҳмот як ҷойи якум, дар Олимпиадаи байналмилалии «Брейнингз» соҳиби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, дар Олимпиадаи байналмилалии «Ҳоризон-2025» аз фанни математика соҳиби 8 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ва дар Олимпиадаи байналмиллалии «Айкио-2025»-и Қазоқистон – аз фанни забони англисӣ ва математика соҳиби 5 медали тилло гардидаанд.
Сипас, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Исматилло Қуқанов доир ба фаъолияти марказ дар нуҳ моҳи солӣ ҷорӣ ҳисобот манзур намуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:191
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1509
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2784
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17211
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:30655
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9009888

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?