Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ, сохтмон ва навсозии иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи саноат ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ равона гардида, ҳамасола хатҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нав шинос гардид.






Имрӯз, 07.04.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар МТМУ №8 Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷавонон доир ба “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва таҳкими дӯстиву сулҳофаринӣ” вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 05.04.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Имрӯз, 04.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи даъвати баҳорӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор карда шуд. Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва аъзои комиссия иштирок доштанд.















