Санаи 02.05.2025 дар ҶДММ Осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни "Ҳамшираи беҳтарин", ки бо ташаббуси соҳаи тандурустии шаҳр роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки ҳамшираҳои шафқат аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид. Дар озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории озмуни "Ҳамшираи беҳтарин" барои баланд бардоштани рӯҳияи кормандони соҳа ва тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, афзуда шуд, ки дар зиндагӣ ҳастанд инсонҳое, ки бо меҳрубониашон дили дигаронро ором мекунанд. Онҳо ниёз ба саҳна ва шуҳрат надоранд. Онҳо қаҳрамонанд, вале ором ва хоксор. Онҳо – ҳамшираҳои шафқатанд.
Ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар лаҳза онҳо бо чеҳраи пурнур, бо лабони пуртабассум, бо дилу ҷон хизмати инсонро мекунанд. Онҳо аввалин касонеанд, ки ба бемор тасаллӣ медиҳанд ва бо дастони пурмуҳаббат дору медиҳанд. Вақте бемор ашк мерезад, ҳамшираи шафқат аст, ки дар паҳлӯяш менишинад ва бо суханони нармаш ба ӯ оромӣ мебахшад.






Дар асоси фармоиши Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 13.03.2025, №27, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.04.2025, №94 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2025, инчунин нишондодҳои ташкилӣ-методӣ оид ба тайёр намудан ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона санаи 29 апрели соли 2025 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии омӯзгорон ва хонандагон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи: «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Санаи 30.04.2025 дар толори мактаби санъати шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён суханронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-711, қарори Раиси вилоят аз 20.02.2025, №51 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.03.2025, №60 озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.
Санаи 29.04.2025 дар ҶДММ Осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид. Дар озмун масъулини шаҳрдорӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оила Матлуба Сатторова, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Шарифа Отаҷонова ва директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Бибиомина Мирзоева иштирок намуданд.
Санаи 29.04.2025 дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар майдони худ дастаи "Ашт"-и ноҳияи Аштро қабул намуд.














