25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.