Матни равон

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки охири 2019 ва соли 2020 ҷомеаи ҷаҳониро бемории Ковид-19 ба ташвиш овард, ки мамолики дунё бар зидди ин хатари бузург ҳанӯз мубориза доранд. Ёдовар мешавем, ки ин беморӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифта шуда буд. Баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ равобити кишварҳои ҷаҳон бо кишвари Чин маҳдуд гардида буд, вале ин садди роҳи пешгирии ин бемории марговарро гирифта натавонист. Бо сабаби  бозгашт аз муҳоҷират бемории Ковид-19 ба чанде аз мамолики дунё паҳн гардид ва баъдан қариб кулли кишварҳоро ба коми худ фаро гирифт. Аз расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз огоҳӣ меёбем, ки дар дунё аз ин беморӣ чи қадарҳо гирифтор шуда истодаанд ва чӣ қадарҳо ба ҳалокат расида истодаанд. Дар ҳоли ҳозир кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин беморӣ дастаҷамъона мубориза бурда истодаанд.

Ҳукумати кишвар баҳри пешгирии бемории Ковид-19 ҳамаи чораҳои заруриро андешидааст ва дар тӯли ин муддат аҳли кишвар пайваста зери назорат қарор доштанд.

Мутаасифона қудуми касифи ин вабои ҳамагир кишвари моро низ фаро гирифт ва то имрӯз мебинем, ки чандин ҳазор нафар мубталои ин беморӣ гардида, аз ин шумора чанде ҳам фавтиданд. Сокинони кишвар бо чашми сар дида истодаанд, ки барои пешгирии бемории Ковид-19 Ҳукумати кишвар чӣ корҳоеро ба сомон расонида истодааст ва духтурону табибон бо талошҳои шабонарӯзӣ дар ин самт фаъолият доранд.

Бо риоя намудани тадбирҳои андешидашуда тӯли беш аз 5 моҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ асре набуд. Вале бо паҳншавии хурӯҷи навбатии бемории сироятии коронавируси нави Ковид-19 он боз дар кишвар ба қайд гирифта шуд ва тӯли чанд рӯз аст, ки Вазорати тандурустӣ аз қайди беморон ҳамарӯза хабар медиҳад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз интиқол ва сироятёбии бемории сироятии коронавируси нави Ковид-19 ваксинаҳоро ихтироъ намуда, бо роҳи эмкунӣ роҳи хуруҷи ин бемориро гирифта истодаанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар аз давлатҳои Ҳиндустон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишвари мо ваксина ворид гардида, сараввал гурӯҳҳои осебпазир ба гирифтани ваксина фаро гирифта шуда истодаанд ва ин амал марҳила ба марҳила идома ёфта, сокинон аз ваксинатсия гузаронида мешаванд.

Вобаста ба ин, аз мардуми бофаҳм ва боаҳлу ҳуши кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки барои пешгирӣ ва ҳифзи ҳаёти худу пайвандон ва ҷомеа тавсияҳои табибонро бечуну чаро иҷро намоянд ва ба таҳлукаву воҳимаҳои ҳар касу нокас аҳамият надиҳанд.

Пас биёед баҳри ҳифзи саломатии худу пайвандон ва ҷомеа дастаҷамъона кӯшиш намоем ва лаҳзае ба беаҳамиятӣ ва бепарвоӣ роҳ надиҳем. Ҳаргиз фаромӯш насозем, ки соломатии мо, аҳли хонавода ва ҷомеа аз мо вобастагии бузург дорад.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:945
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8148
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18953
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7751343

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?