Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Истиқлолу Ваҳдат поянда бод” ва “Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем” вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳайати таблиғотчиёни Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Амнҷон Шарифзода муовини якуми раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд, Саидбой Зокиров раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд, тарғиботчиёни маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳрак ва омӯзгорону хонандагони МТМУ №2-и ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.
Вохӯриро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов оғоз бахшида меҳмононро ба ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон хуш омадед гуфт. Доир ба мавзӯъҳои зикргардида Амнҷон Шарифзода, Саидбой Зокиров, Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Фаридуншоҳ Абдуллоев маърӯза намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуданд
- Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба муносибати “Рӯзи байналмилалии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқи атомии Чернобил”






Имрӯз Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Сирдарё боздид ба амал овард.
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз минтақаи саноатии шаҳри Гулистон боздид ба амал овард. Дар ибтидо аз КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” дидан карда, зимни суҳбат қайд намуд, ки соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, маҳаки асосии рушди саноату иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ геологияти тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Замони соҳибистиқлолӣ, дар партави супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳа фаъолият намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираи канданиҳои фоиданоки гуногун амал мекунанд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.















