Матни равон

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шҳари Гулистон санаи 07.09.2021  ҷамъомади ботантана ба ифтихори таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.

Ҷамъомади ботантана бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифтитоҳ ёфта, дар ибтидо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов гулистониёнро аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, муборакбодиҳоро манзури ҳозирин намуданд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи 30-юмин  солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми 30 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона устуворона қадам мезанад. 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб ёфта, бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон мебошад. Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудбуда  кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд. Пеш аз ҳама, заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ гузошта шуда, устувории онҳо таъмин гардиданд.

Ҳамчунин афзуда шуд, ки шаҳри Гулистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва соҳаи туризм нақши арзандаи худро касб намудааст. Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 221 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд ва аз он  218 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 98,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар се иншооти дигар кор бо суръат идома дорад ва рӯзҳои наздик бо иштиоки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешаванд.

Дар вазъи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз ҷониби комиссари комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Давлат Мирзозода медали ҷашнӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, ба фаъолон Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон ба пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр барои дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ   Ифтихорнома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2279
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16777
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:72855
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7714775

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?