16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар майдони 1,7 гектар замин дар кутоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд