Имрӯз санаи 19 ноябри соли 2021 дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони ватан" таҳти унвони "Тоҷикистон ба пеш" ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иштирок ва баромад намуданд.
Чорабини бо намоиши дастовардҳои ҷавонони шаҳр ҳусни оғоз гирифта, бо баромадҳои пурмуҳтавои аъзоёни ташкилоти "Созандагони ватан" тобиш гирифт. Дар интиҳои чорабини ҷавонони касбу кори гуногун ба сафи ҲХДТ қабул гардида, бо як барномаи хуби консерти ба анҷом расид.






Тибқи нақша дар 43 ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву идораҳои шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Парчами давлатӣ баёнгарӣ озодӣ ва соҳибистиқлолӣ аст!” баргузор гардид.
Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳри Гулистон бо иштироки Мадинахон Салимзода, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Суғд, Рухшона Содиқзода, кор бо ноболиғони ШВКД шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова, сармутахассиси комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲДи шаҳр бо хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълими вохӯрии судманд доир гардид.
16 ноябри соли 2021 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо як ҷаҳон ихлосу самимият ва эҳтироми бепоён аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманди шаҳрро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!














