Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ монданд.
Дар шафати даромадгоҳи кӯчаи асосии шаҳрак бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо, муассиса ва сокинон маросими ботантанаи ифтитоҳи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, лауреати мукофоти давлатии ИҶШС, кӯҳкани номӣ Тоҷиддин Имомалиев ба вуқӯъ пайваст.
Доир ба ҳаёту фаъолияти пурсамар ва ибратбахши қаҳрамон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳрак, корхонаи Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум, собиқадорони меҳнат ва аҳли пайвандон суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд