Дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳр дар мавзуи “Ҷавонон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфренсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии баргузор гардид.
Дар конфренсияи илмӣ-адабӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим, сармутахасси бахши адабии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Исмоил Саидов, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфренсия ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.






Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба муносибати қашни 30-солагии Истиӣлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзию ниёзи аввал ташкил ва баргузор гардид.
ФАРМОНИ
2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардониданд.
1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.















