Матни равон

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Комбинати Фулузоти Нодири Ленинобод»-и шаҳраки Чорруқдаррон-и шаҳри Гулистон ба қатори корхонаҳои шаҳрсози Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, ҳанӯз дар замони салтанати шӯроҳо арзи вуҷуд карда буд. Корхона ба истеҳсоли металлҳои камназир машғул буд ва пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ба мушкилиҳо рӯбарӯ гардид.

Бо ташаббуси роҳбарияти кишвар нақшаи азнавбарқароркунии корхона тарҳрезӣ шуд. Дар шароите, ки пояҳои давлатдорӣ аз нав барқарор мешуданд, имкони дастгирии молиявии корхона вуҷуд надошт ва аз ин рӯ барои дарёфти манбаҳои гардон зарурияти барқароркунии ҳамкориҳо бо сармоягузорони хориҷӣ пеш омад. Ҳанӯз двр миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта бо яке аз ширкатҳои калони Ҳиндустон шартномаи тарафайн баста шуд ва корхона бо усули наву камхарҷ ба кор дароварда шуда, як қатор техникаю таҷҳизоти он иваз ва ба шароити замон мутобиқ гардонида шуданд.

 

Мутаасифона ин ҳолат низ дер давом накард ва пас аз фарогирии бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳони маҳсулоти корхона дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро аз даст дод ва нархи маҳсулоташ поён рафт. Пас аз ин корхона имкони пӯшонидани хароҷотҳояшро аз даст дода, соли 2012 пурра аз кор боз монд.

Талошҳои зиёди Ҳукумати кишвар, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон самар ба бор овард ва нахустин қадамҳои умедбахш дар соли 2021 гузошта шуданд. Гарчанде корхона тағйири фаъолияти истеҳсоли карда бошад ҳам аз нақшаи истеҳсоли металлҳои камназир даст накашидааст.

Бо ташаббуси бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кӯшишу талошҳои Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо яке аз ширкатҳои овозадори Украина ҶДММ Ташкилоти илми техникии “Днепроэнергостал” қарордоди ҳамкорӣ баста шуд. Дар асоси қарордоди мазкур мутахассисони корхонаи мазкур ба Тоҷикистон ташриф оварда имкониятҳои ба кор даровардани корхонаро омӯзиш намуданд.

ҶДММ ТИТ “Днепроэнергостал” соли 1967 таъсис ёфтааст ва аз 1 июли соли 1997 ҳамчун ташкилоти худтаъминкунанда ба хизматрасонии корхонаҳои истеҳсоли дар самти ҳифзи обу ҳаво ва захираи дуюмдараҷаи энергия машғул аст. Тавре, ки Директори генералии корхонаи мазкур Осипенко Вадим Валеревич ба рӯзномаи Соҳил итилло дод “Ин корхона яке аз пешсафони бозори хизматрасонии экологии Украина ва кишварҳои ИДМ буда, дар тӯли зиёда аз 40 сол дар ҳалли мушкилоти экологии корхонаҳои саноатӣ кӯмак мекунад. Дар он зиёда аз 70 нафар мутахассисон– экологҳо, металлургҳо, инженерҳои гармидиҳӣ, химикҳо кор мекунанд. Таҷрибаи бузурги дар давоми мавҷудияти ширкати мо ҷамъшуда ба мо имкон дод, ки қариб ҳама масъалаҳои экологиро самаранок ҳал кунем.

Доираи фаъолияти мо хеле васеъ буда, истеҳсоли таҷҳизоти газу обтозакунӣ, истифодаи захирахои дуюми энергетикӣ ва мониторинги мухити зистро дар бар мегирад”.

Номбурда иттилло доданд, ки дар ҳамкори бо мутахассисони соҳа дар вилояти Суғд ширкати ҶДММ «СогдЭкоПром» таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур дар базаи ҶДММ “КФНЛ” сехҳои рехтагарӣ барои иваз намудани ҷойи қӯраи пӯлоди (сталелитейная печка), сеххи хуллагудоз ва алюминиро анҷом дод. Дар оянда нияти баровардани хуллаҳои титану-ванадийдор, хуллаҳои силитсий ва молибден, баровардани саққоҳҳо, маҳсулотхои гуногунӣ аз чуяну-оҳан, хокаи алюминий, аз рӯи системаи толлингӣ ба нақша гирифтааст.

Ҳоло аз тарафи ҶДММ «СогдЭкоПром» барои дастрас ва васли таҷҳизотҳои сехҳои ҶСК “КФНЛ” дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд. Таҷҳизотҳо аз қабили спекторгаф, санҷандаи сахтӣ (твердомер), ғиштҳои хроммагнезитӣ, электродҳои графитӣ ва қолабҳо ворид карда шудааст.

Ин тадбирҳо имкон фароҳам оварданд, ки 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд ва сарчашмаҳои нави андозу пардохтҳо ба вуҷуд оварда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1302
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17649
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51248
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693168

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?