Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳр хониши сиёсӣ таҳти унвони “Сулҳу суботи кишвар мароми мост” баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон бо ҷавонони 16-18 сола муассисаҳои таълимии №1, №8, №14, гимназияи №1 ва донишҷӯёни 19-23 солаи коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.
Дар кори хониши сиёсӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳр Муҳаммадҷон Усмонов ва муовини тарбиявии шуъбаи маорифи шаҳр Фирӯз Ғаниев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд






30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд.
29 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр ҷиҳати тозаву озода намудани маҳалли зист ва хиёбонҳои шаҳр ба таври дастҷамъона тозагии маҳал гузаронида шуд. Дар тозагии маҳал кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ фаъолона иштирок намуданд. Корманди ташкилоту муассисаҳо пеш аз ҳама ҳудуди муассиса ва корхонаи худро тозаву озода намуданд. Дар шаҳри Гулистон мунтазам ҳашарҳои умумишаҳрӣ ва аксияҳои тозагии маҳал гузаронида мешавад. Амалҳои мазкур ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр, паҳншавӣ ва пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, ободу зебо ва хуррам гардонидани шаҳри сайёҳон ба роҳ монда мешавад.















