27 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд.
Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро ба ҳузур пазируфтанд






Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос гардид.
25 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – суд, прокуратура, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ҷиҳати гузаронидани бозиҳо барои дарёфти Лигаи якуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сафар намуд. Пас аз қуръапартоӣ маълум гардид, ки дастаи “Гулистон” аз минтақаи Суғд бо дастаи “Покиза” аз шаҳри Душанбе ва дастаи “Сарҳадчӣ” аз минтақаи Хатлон бо дастаи “Меҳргон” аз минтақаи Рашт бо ҳам дидор анҷом медиҳанд.
24 ноябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.














