Матни равон

Имрӯз Рӯзи энергетикҳои Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, ба истифода супоридани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин Неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.

Шурӯъ аз соли 1936 то инҷониб Рӯзи энергетикҳо ҷашн гирифта мешавад. Сол то сол дар мамлакат  бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ, бунёди садҳо биноҳои кориву истиқоматӣ  талабот ба неруи барқ зиёд мешавад.  Бинобар ин 13 ҳазор нафар кормандони соҳаи энергетика шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, то хонаву кошонаи мо гарму равшан бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли равон иттилоъ доданд, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки зуҳури шаҳри Гулистон маҳз бар пояи бунёди яке аз неругоҳҳои бузург НБО “Дӯстии халқҳо” асос ёфтааст ва дар шаҳр шумораи зиёди кормандони ин соҳа заҳмат мекашанд. Собиқадороне, ки дар бунёди неругоҳ ҳиссаи назаррас гузоштанд бояд бидонанд, ки кӯшишҳои онҳо ҳамеша дар ёди мо боқист.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ҳамаи собиқадорону кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро самимона шодбош гуфта, барояшон ҳамеша таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навинро таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:839
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9833
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43432
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685352

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?