20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд






ФАРМОНИ
Корвони китоби «Тоҷикон»-и академик Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Гулистон бо теъдоди беш аз 11,3 ҳазор нусха ворид гардид. Қобили зикр аст, ки теъдоди воридшуда ба ҳар як хоҷагии шаҳр кофӣ мебошад. Аз Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Рукмина Сафарзода муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташриф оварда, ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар оилаи шаҳр расонидани туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ёрии амалӣ расониданд.
Ташрифи намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россияро ба Тоҷикистон президенти ҳамин ниҳод Сергей Катирин роҳбари мекунад.
Шоми дирӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.















