Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар ишора ба муҳимияти соҳаи саноат намуда қайд карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”.

Бо ҳамин мақсад дар шаҳри Гулистон ба рушди соҳаи саноат аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, нсибати фаъолияти бонизому мӯътадили корхонаҳои саноатӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

 

Санаи 8-уми январи соли 2022 раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар ҷамъбасти солонаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой иштирок ва баромад намуданд.

Ишора карда шуд, ки Ширкат аз ҷумлаи корхонаҳои калонтарин ба шумор рафта, дар истихроҷ ва коркарди маданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф аст. Фаъолияти ширкат дар соли 2021 мусбӣ арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ ширкат ҳиссаи худро дар корҳои ободонию созандагӣ гузошта тавонист. Бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” таъмири роҳи Бӯстон-Зарнисор оғоз шуд, инчунин ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ барои бунёди кӯдакистони замонавӣ дар шаҳри Истиқлол, дастгирии иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба 30 солагии Истиқлолият дар шаҳри Гулистон, харидории нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба Беморхонаи шаҳраки Зарнисор аз ҷумлаи амалҳои хайри ин корхона дар соли 2021 ба ҳисоб мераванд.

Раиси шаҳр ишора ба он намуданд, ки захираҳои бой конҳои Зарнисор, Зарнисори шимолӣ, Пайбулоқ ва Чалатой мувофиқи ҳисобҳои геологӣ беназиранд ва имкони солҳои тӯлонӣ фаъолият кардани Ширкатро фароҳам месозанд. Бинобар ин умеди роҳбарияти кишвар ба фаъолияти озоди он ва ҳиссагузориаш дар корҳои ободонии маҳал хеле зиёд аст. Итминони комил дорем, ки ин корхона дар соли 2022 низ нақшаҳои истеҳсолиашро бо роҳбарии директори генралӣ Ли Яо Хуаэй саривақт ба иҷро расонида, минбаъд низ дар рушду тараққиёти соҳаи саноат ҳиссагузорӣ менамояд. Бахтиёр Саидаҳмадзода аз эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ёдовар шуда, қайд намуд, ки мо бар он умед мебандем, ки корхона дар ин муддат натанҳо дар рушди соҳаи саноат балки имкон дорад, ки намунаи беҳтарини корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон бошад.

Муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар муваффақияти корхонаро дар соли 2021 ташаббуси баланди роҳбарияти корхона маънидод намуда, қайд кард ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот боло бурда шавад. Роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки бахотири коркарди ниҳоии масулот ва истеҳсоли металл дар дохили ҷумҳурӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба бунёди корхонаи нав дар шаҳри Истиқлол чораҷуй намояд. Ҳамчунин иқдоми роҳбарияти корхонаро дар самти баланд бардоштани музди меҳнат амали нек маънидод намуда, қайд карда ки ин масъала дар Паёми навбатии Сарвари Давлат ишора гардид ва музди маош новобаста аз мавқей шаҳрвандии коргарон бояд боло бардошта шавад. Шароити кории хуб ва музди маоши баланд ҳолатҳоеро, ки вақтҳои охир дар корхона сар зад метавонад пурра аз байн барад.

Директори Ширкат Ли Яо Хуаэй натиҷаҳои фаъолияти ширкатро дар соли 2021 маҳсули меҳнати софдилонаи коргарон баён намуда, нақшаҳои фаъолияти истеҳсолиро дар соли 2022 манзури ҳозирон сохт. Ишора намуд, ки дар назди ман ҳамчун директори генералӣ масъулияти баланд гузошта шудааст ва тамоми тадбирҳоро баҳри сазовор гардидан ба боварии роҳбарияти корхона амалӣ менамоям. Ишора аз иваз намудани шакли идоракунӣ, тартиби нави пардохти музди меҳнат, ташкили гуруҳҳои алоҳида аз ҳисоби муовинон ва ташриф ба минтақаҳои кориро ёдовар шуда, қайд намуд, ки ин тадбирҳо дар соли нав низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Пас аз сарфароз гардонидани коргарони пешқадам бо роҳбарони шуъбаҳо санадҳои ӯҳдадорӣ ба имзо расонида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1124
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3235
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11878
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:30121
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:99982
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:119432
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4866578

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?