Матни равон

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ба кори он раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли кумитаи иҷроияи шаҳрӣ даъват гардида буданд. Дар кори маҷлис Раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок доштанд.

Пас аз шунидани ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар соли 2021 аъзоёнии фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба музокира баромада онро хуб арзёбӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода баромад намуда, дастуру ҳидоятҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру барҷаста маънидод намуданд. Ҳамчунин оид ба саҳми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ баромада, оид ба таъсуротҳои нек аз Паёми навбатии Президенти кишвар, ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, суханронӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъда, ҷиҳати пешрафт ва ҷоннок намудани кори ҳизбиёни шаҳр маслиҳатҳои муфид дода, барору комёбиҳо таманно кард.

Дар фарҷоми маҷлис чун анъана ба ҷавонону бонувони фаъоли соҳаҳои мухталифи шаҳр, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гаштаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” супорида шуд.

Ғолибони озмуни “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” бо Вимпел ва Диплом сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи хулосаи комиссия дар озмуни мазкур, ҷои аввалро ташкилотии ибтидоии “Апрелевка”, ҷои дуюмро ташкилоти ибтидоии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҷои сеюмро ташкилоти ибтидоии “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” ишғол карданд.

Инчунин ба ғолибони Озмуни Иншои беҳтарин низ дар вазъи мутантан Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуд.

Ҳамчунин якчанд нафар тарғиботчиён ва аъзоёни фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1945
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18292
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51891
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693811

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?