Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарбозони қисми низомии 07746 Маркази таълимии гарнизони Суғд аёдат карда шуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Мушаммадзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргиза Бердиева сарбозонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, зимни суҳбат бо сарбозон аз дастгириву ғамхориҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизмат ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин самт як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонид.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар остонаи таҷлили ҳамаи иду ҷашнҳо ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасманд гардонии сарбозон чораҳои муассир меандешад.






Имрӯз, 27.06.2023 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба ифтихори бисту шашумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Санаи 26.06.2023 дар ҷамоати шаҳраки Консой ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона баргузор карда шуд. Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов номаи табрикотии Раиси шаҳрро ба самъи сокинон расонид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр баргузор карда шуд.
Ҳамватанони азиз!













