Матни равон

Санаи 20.07.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1 ва №14-и маркази шаҳр боздид ба амал овард.

Нахуст Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз МТМУ №1 дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса, синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, китобхона, ва синфхонаи компютерӣ дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда истодааст ва барои оғози солҳои хониши 2023-2024 омодагӣ дида истодааст.

Ба масъулин ҷиҳати таъмири босифат, таъмини пурраи муҳассилин бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил супоришҳои мушаххас дода шуд.

20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфтааст, шинос гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд карда мешавад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон бунёди фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Паррандаи заррин» идома дорад, ки он дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар марҳилаи аввал ду адад  иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст. Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд сехи истеҳсоли равғанро ба истифода диҳанд. Рохбари вилоят зимни шиносоӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бинокорӣ  ободониву кабудизоркунии муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Имрӯз, 20.07.2023  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаи таълимии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса таъмири ҷорӣ давом дошта, барои оғози солҳои хониши 2023-2024 омода карда шуда истодааст.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа ҷиҳати омодагиҳои ҳамаҷониба, таъмини либоси мактабӣ, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва ҷалб намудани мутахассисони касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Санаи 18.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзан бо сарбозони қисми ҳарбии “Навгарзан №06”-и РҚС Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши фарҳанги шаҳр Насим Мамаҷонов ва раиси ҷамоати шаҳраки Навгарзан Зайниддин Ҳамралиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 - майи соли 2023, №148 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва қарори Раиси шаҳр аз 07.07.2023, №149 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Китобхонаи намунавии шаҳри Гулистон дар соли 2023» ҳайати ҳакамони озмун аз ҳамаи филиали китобхонаҳои ҷамоати шаҳракҳо дидан намуда истодаанд.

Санаи 18.07.2023 ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун Насим Мамаҷонов, Фаридуншоҳ Абдуллоев, Бибиомина Мирзоева ва  аз филиали китобхонаи ҷамоати шаҳраки Навгарзан дидан намуда, Гулсуной Исомидинова бо ҳолати китобхона ва фаъолияти он дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 шинос гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3909
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2748
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6657
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:105943
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9665625

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?