Санаи 28.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, ва қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва "Пешгирии коррупсия кори дастаҷамъист" бо сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Абдуворисзода Абӯалӣ муовини сардори қисми ҳарбии 45025 оид ба корҳои тарбиявию сиёсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.






Имрӯз, 27.07.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023” баргузор гардид.
26 июли соли 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз фаъолияти ҶДММ “Маҳина” дидан намуда, бо рафти омодасозии сару либоси мактабӣ шинос гардид.
Санаи 26.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳри Гулистон бо аҳли кормандон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 26.07.2023 дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Гулистон гулгашти замонавӣ ба истифода дода шуд.













